Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 16 > Учебник таджикского языка – Урок 16 – Текст Адабиёти тоник Таджикская литература

Учебник таджикского языка – Урок 16 – Текст Адабиёти тоник Таджикская литература

Урок 16

Текст Адабиёти тоник Таджикская литература

Адабиёти тоҷик таърихи ҳазорсола дорад. Намояндагони адабиёти классикии тоҷик, монанди Абуабдулло Рӯдакй, Абулқосим Фирдавсй, Абуалй ибни Сино, Саъдии Шерозй, Носири Хусрав, Умари Хайём ва дигарон на фақат дар инкишофи адабиёт ва маданияти халқи тоҷик, балки дар пеш рафтани адабиёт ва фарҳанги дигар халкҳои Шарқ ҳисса гузоштаанд.
Нависандагони муосири тоҷик давомдиҳандагони беҳтарин анъанаҳои адабиёти классикии точиканд. Асосгузори ин адабиёт Садриддин Айнӣ мебошад. Асарҳои ин устоди забардасти калам — “Одина”, “Дохунда”, “Ғуломон”, “Марта судхӯр”, “Ятим” ва “Ёддоштҳо”, ки ба бисер забонҳо тарҷума шудаанд, шӯҳрати ҷаҳонй пайдо кардаанд.
Хонандагони мо Мирзо Турсунзодаро ба хубй мешиносанд. Нашъунамои адабиёти солхои 50-70- и тоник бо номи ӯ пайвастааст. Ободии ватан, ки бо мехрати фидокоронаи халқ ба даст омадаст, дар шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода тараннум ёфтааст. Мавзӯъҳои дӯстй, сулҳу амният ва муборизаи озодихоҳонаи халқҳо, ки дар эҷодиёти устод мавқеи намоёнро ишгол мекунанд, 6i ҳаракати демократии чаҳон таъсири намоён расонданд. \
Адибон Абулкосим Лоҳутй, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромй, Раҳим Ҷалил, Сотам Улуғзода, Пайрав Сулаймонй, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон асарҳои зиёди назмиву насриро офарида, ба наслхои оянда мероси бои адабиро боқй гузоштаанд.
Баъдтар адибон Фотеҳ Ниёзӣ, Пӯлод Толис, Мӯъмин Қаноат эҷодиёташонро ба фидокориҳои фарзандони тоҷик дар майдони Ҷанги Ватанй бахпгаданд ва фоҷиаи ҳаёти ақибгоҳро дар сатҳа баланд и адабиёти бадеии чахонй инъикос карданд.
Дар байни як идда каламкашон дар солҳои шастум истеъдодҳоеро ба мисли Фазлиддин Муҳам- мадиев, Лоиқ Шералй, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Саттор Турсун ва дигарон дидан мумкин аст, ки боиси сарсабзии минбаъдаи адабиёти тоҷик гардиданд. Баъдтар Султон Шоҳзода, Абдулҳамид Самад, Ҷонибек Акобир, Камол Насрулло, Рақмат Назрй, Зулфия Атой ҷанбаи ҳунариву тасвирии адабиётро ривоҷ доданд ва мақоми суханро баланд бардоштанд.

Рис. 7. Памятник Омару Хайяму в Душанбе

Имрӯз мо дар сафҳои адибон чавононеро монанди Низом Қосим, Фарзона ва дигарон мебинем, ки эҷодиёти онҳо диққати умумро ба худ чалб менамояд.
Дар баробари пеш рафтани адабиёти бадей илми адабиётшиносй низ инкишоф ёфтааст. Мунақ- қидони тоҷик Шарифҷон Ҳусейнзода, Носирҷон Маъсумй, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табар, Худой Шариф, Абдунабй Сатторзода, Асадулло Саъдулло ва дигарон асарҳои адибонро ҳаматарафа таҳлил намуда, боиси чуқуртар ва комилтар шудани эчодиёташон гардидаанд.
Маълум аст, ки ҳеҷ як адабиёт ба танҳой ва чудой умр ба cap намебарад. Адабиёти халқҳои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва ҷаҳон бо ҳамдигар алоқаи зич дорад. Имрӯзҳо Ҳафтаву Даҳаҳои фарҳангу адабиёти ин ё он халқ дар ҷумҳуриҳои мухталиф, форумҳои ҷавонони эчодкор ва чорабинихои дигар гузаронда мешаванд, то ки мухлисони адабиёт бо асарҳои наву муаллифонашон шинос шаванд, нависандагон асарҳои ҳамдигарро бихонанд ва назму насри муосири дорой мазмуну шакли баланди бадей ба забони русиву забонҳои дигар тарҷума карда шаванд.
Комментарий
1. Запомните распространённые выражения: устоди забардасти қалам выдающийся писатель;
Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) — Содружество Независимых Государств (СНГ); алоқаи зич тесная связь;
2. Наиболее популярные произведения Садридцина Айни: “Одина” «Одина», “Дохунда” «До- хунда», “Ғуломон” «Рабы», “Марги судхӯр” «Смерть ростовщика», “Ятим” «Ятим», “Ёддоштхо” «Воспоминания».


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях

Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009