Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 8 > Учебник таджикского языка – Урок 8 – Текст Давраи бачагии ман Моё детство

Учебник таджикского языка – Урок 8 – Текст Давраи бачагии ман Моё детство

Урок 8

Текст Давраи бачагии ман Моё детство

Хонаи мо дар шаҳри Душанбе буд. Бобову модаркалонам дар шаҳри Истаравшан зиндагй мекар- данд. Ман то синфи ҳаштум дар он ҷо мехондам. Дар мактаб бисер фаъол будам. Ҳам нағз мехондам, хам кори ҷамъиятӣ мебурдам. Дар дастаи ҳунарии ноҳиявй аз номи мактаб иштирок мекардам. Ман гижжак менавохтам. Мактабамон боги калон дошт. Мо дар он ҷо аввали баҳор дарахт мешинондем ва ҷӯйборҳоро тоза мекардем. Тобистон дар лагери назди мактаб дам мегирифтем ва дар бог бозй ме- кардем. Баъзан ба саёхати ҷойхои ҷолиби шаҳр мебаромадем. Дар чойхонаҳои деворҳояшон кандако- ришуда чою нон мехӯрдем. Хамроҳи модаркалонам амаки кенчаам бо ахли оилааш меистод. Вай дар фурӯдгох кор мекард. Вай баъзан маро ба чои кораш мебурд. Ман тайёраҳоро аз наздик медидам. Бо модаркалонам ба истироҳатгоҳи «Зумрад» хам мерафтам. Дар он ҷо шиноварй мекардам ва барои би- биам китобҳо мехондам. Китобҳоро одатан аз китобхонаи шахрй мегирифтам. Ман ҳамон давра мақо- лаҳо менавиштам ва ба рӯзномаи «Анбоз» мефиристодам. Баъзан навиштаҳоям чоп мешуданд. Ба хо- наамон ба Душанбе қариб намеомадам. Падару модар ва хоҳарчаам ба аёдати мо меомаданд. Бо дӯсти бачагиам Анвар, ки ҳамроҳам ҳоло дар донишкада мехонад, он рӯзҳоро ёдовар мешавем.
Комментарий
1. Истаравшан — один из древнейших городов Таджикистана, находится в Согдийской области. В городе много исторических мест. Истаравшан славится своими ремесленниками, народными мастерами.
2. Газета «Анбоз» {«Друг») национальное детско-юношеское еженедельное издание, ранее выходило под названием «Пионери Тоҷикистон» {«Пионер Таджикистана»).
3. У таджиков принято, что последний ребёнок, обычно сын, остаётся жить в отчем доме. В разговорной речи последнего ребенка называют кенҷа меньшой. Так, таджикское имя Кенҷа означает, что обладатель этого имени является самым младшим, последним ребенком в семье.


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях

Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009