Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 7 > Учебник таджикского языка – Урок 7 – Текст Рӯзи корни ман Мой рабочий день

Учебник таджикского языка – Урок 7 – Текст Рӯзи корни ман Мой рабочий день

Урок 7

Текст Рӯзи корни ман Мой рабочий день

Ман ҳар субҳ соати ҳафт аз хоб мехезам. Понздаҳ-бист дакика ба варзиши бадан машғул мешавам. Баъд даҳ дакиқа дасту рӯй мешӯям. Даҳ-понздаҳ дакика ноништа мекунам. Соати ҳашт аз хона мебароям. Чор истгоҳ бо троллейбус меравам ва боз бист дақика пиёда мегардам. Одатан соати хашту ним ё ҳашту чил дакика ба донишгоҳ мерасам. Дарсҳо соати нӯҳ оғоз меёбанд. Ҳар рӯз панҷ ҷуфт дарс дорем. Дарсҳо соати дуву чилу панҷ дақика анҷом меёбанд. Ман дар ошхонаи донишкада тановул мекунам ва соати севу понздаҳ ба китобхона меравам. Соати хаждаҳ-нуздаҳ ба хона бармегардам. Ҳамроҳи ахли хонадон хӯрок мехӯрем ва сӯҳбат мекунем. Соати нӯҳ барномаи «Вакт»- ро тамошо мекунам. Соати даҳ боз каме ба омӯзиш машғул мешавам. Баъд як ним соат ба рӯзи оянда омода мегардам. Як-ду дафтар ва китобҳоро ба портфел меандозам. Як даст либосро дарзмол ва ҷо ба ҷо мекунам. Ман одатан соати ёздаҳ хоб меравам.


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях

Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009