Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 4 > Учебник таджикского языка – Урок 4 – Текст Дар мехмонхона В гостинице

Учебник таджикского языка – Урок 4 – Текст Дар мехмонхона В гостинице

Урок 4

Текст Дар мехмонхона В гостинице

Мард бо ҷомадони калони чархдор ба истгоҳи маршрутка меояд. Ӯ аз як хонум мепурсад:
— Мебахшед, намедонед меҳмонхонаи «Пойтахт» дар куҷост?
Хонум бо тааҷҷуб ҷавоб медиҳад:
— Медонам, меҳмонхонаи «Пойтахт» дар хиёбони Рӯдакй воқеъ аст.
— Бо кадом нақлиёт ба онҷо мераванд?
Хонум каме фикр мекунад ва чизе дар дил мешуморад.
— Аз инҷо савор мешавед ва дар истгоҳи «Ватан» мефуроед.
— Раҳмат.
— Ана мошин.
Як тангем наздашон меистад. Мард дарро мекушояд. Ӯ чомадонро дар мошин мегузорад ва сари ҷо мешинад. Тангем ҳаракат мекунад. Ҷомадони мард меафтад. Ӯ мехезад, чомадонро ба даст мегирад ва маҳкам нигох медорад.
нигох медорад.

Рис. 3. Гостиница «Пойтахт» в Душанбе * * *
Мард бо ҷомадонаш ворид мешавад. Маъмурзани меҳмонхона бо табассум мегӯяд:
— Хуш омадед. Шумо аз куҷо ҳастед?
— Ман аз Маскав омадам.
— Шиноснома доред?

— Бале, дорам.
Ӯ шиносномаро дар ҷомадон меҷӯяд. Онро меёбад ва аз ҷомадонаш берун меорад.
— Мархдмат.
— Маълумотномаро пур кардед?
— Ҳозир пур мекунам.
Мард рӯи қоғаз чизе менависад, имзо мегузорад ва ба маъмури меҳмонхона медиҳад.
— Утоқи шумо дар ошёнаи сеюм аст. Раками хона сесаду бисту ду. Ана калиди хона.
— Нархи истиқомат дар як шабонарӯз чанд сомонй аст?
— Барой истиқомат панҷоҳ сомонй, барон хизматрасонй бист сомонй.
— Пулашро ҳозир месупорам. Марҳамат. Дар инҷо тарабхона ё буфет хает?
— Бале, дар ошёнаи се буфет ҳаст. Дар ошёнаи аввал тарабхона ҳаст. Дар онҷо хӯроки хуб мепазанд.
— Тарабхона соати чанд мекушояд?
— Он аз соати даҳ то соати бисту се кор мекунад.
— Ташаккур ба шумо.
— Намеарзад.
Мард чомадонашро ба лифт мебарад ва боло меравад.
Комментарий
1. Глагол нишастан садиться применительно к транспортным средствам не употребляется. Вместо него используется савор шудан. В значении выходить (из транспорта) употребляется глагол фуромадан:
Аз инчо ба автобус савор мешавед ва дар истгохи «Ватан» мефуроед. Вы сядете здесь на автобус и выйдете на остановке «Ватан».
2. Тангем — популярное название микроавтобуса китайского производства «Дамас», который используется в качестве маршрутного такси. Назван в честь героини фильма «Тунгун».


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях

Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009