Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 4 > Учебник таджикского языка – Урок 4 – Текст Дар мехмонхона В гостинице

Учебник таджикского языка – Урок 4 – Текст Дар мехмонхона В гостинице

Урок 4

Текст Дар мехмонхона В гостинице

Мард бо ҷомадони калони чархдор ба истгоҳи маршрутка меояд. Ӯ аз як хонум мепурсад:

– Мебахшед, намедонед меҳмонхонаи «Пойтахт» дар куҷост?

Хонум бо тааҷҷуб ҷавоб медиҳад:

– Медонам, меҳмонхонаи «Пойтахт» дар хиёбони Рӯдакй воқеъ аст.

– Бо кадом нақлиёт ба онҷо мераванд?

Хонум каме фикр мекунад ва чизе дар дил мешуморад.

– Аз инҷо савор мешавед ва дар истгоҳи «Ватан» мефуроед.

– Раҳмат.

– Ана мошин.

Як тангем наздашон меистад. Мард дарро мекушояд. Ӯ чомадонро дар мошин мегузорад ва сари ҷо мешинад. Тангем ҳаракат мекунад. Ҷомадони мард меафтад. Ӯ мехезад, чомадонро ба даст мегирад ва маҳкам нигох медорад.

Гостиница «Пойтахт» в Душанбе

Рис. 3. Гостиница «Пойтахт» в Душанбе

* * *

Мард бо ҷомадонаш ворид мешавад. Маъмурзани меҳмонхона бо табассум мегӯяд:

– Хуш омадед. Шумо аз куҷо ҳастед?

– Ман аз Маскав омадам.

– Шиноснома доред?

– Бале, дорам.

Ӯ шиносномаро дар ҷомадон меҷӯяд. Онро меёбад ва аз ҷомадонаш берун меорад.

– Мархдмат.

– Маълумотномаро пур кардед?

– Ҳозир пур мекунам.

Мард рӯи қоғаз чизе менависад, имзо мегузорад ва ба маъмури меҳмонхона медиҳад.

– Утоқи шумо дар ошёнаи сеюм аст. Раками хона сесаду бисту ду. Ана калиди хона.

– Нархи истиқомат дар як шабонарӯз чанд сомонй аст?

– Барой истиқомат панҷоҳ сомонй, барон хизматрасонй бист сомонй.

– Пулашро ҳозир месупорам. Марҳамат. Дар инҷо тарабхона ё буфет хает?

– Бале, дар ошёнаи се буфет ҳаст. Дар ошёнаи аввал тарабхона ҳаст. Дар онҷо хӯроки хуб мепазанд.

– Тарабхона соати чанд мекушояд?

– Он аз соати даҳ то соати бисту се кор мекунад.

– Ташаккур ба шумо.

– Намеарзад.

Мард чомадонашро ба лифт мебарад ва боло меравад.

!Нажмите кнопку для воспроизведения!

Комментарий

1. Глагол нишастан садиться применительно к транспортным средствам не употребляется. Вместо него используется савор шудан. В значении выходить (из транспорта) употребляется глагол фуромадан:

Аз инчо ба автобус савор мешавед ва дар истгохи «Ватан» мефуроед. Вы сядете здесь на автобус и выйдете на остановке «Ватан».

2. Тангем — популярное название микроавтобуса китайского производства «Дамас», который используется в качестве маршрутного такси. Назван в честь героини фильма «Тунгун».


Предыдущая страница: «

Следующая страница: »


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях

Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009