Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 22 > Учебник таджикского языка – Урок 22 – Текст Хуҷанд

Учебник таджикского языка – Урок 22 – Текст Хуҷанд

Урок 22

Текст Хуҷанд

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои бостониву зебост, ки дар соҳили дарёи Сир воқеъ аст. Таърихшиносони қадим онро «Тирози ҷаҳон» ё «Арӯси дахр» номида, аз мардуми бофарханги он ёдовар шудаанд. Дар самти ҷануб ва шарқии ин шаҳр қаторкӯҳҳои сероб ҳастанд. Хучанд ба ғайр аз мавқеи хуби ҷуғрофй доштан дар водии Фарғона ва доманаи кӯҳқои боҳашамати Мевагул, боз даре ва рӯдҳои пуроб, заминҳои ҳосилхез дорад. Маҳз ҳамин ҷуғрофияи қулай Хучандро ба яке аз шаҳрҳои ободтарини Осиёи Марказй табдил додааст.

Хуҷанд дар рушди тамадцуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст. Танҳо зикри он кофист, ки ситораҳои назми форсй-тоҷикй Камоли Хуҷандй ва Маҳастй, олими шиноХта, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров зодагони ин кишваранд.

Таи сад соли охир шаҳри Хуҷанд номашро на як бор иваз кардааст: то соли 1936 Хуҷанд, баъд Ленинобод ва аз соли 1996 боз Хуҷанд.

Дар замонхои қадим рохи савдои Чин ва мамлакатҳои Эрон аз болои ҳамин шаҳре мегузашт, ки маркази тиҷорат, фарҳанг ва ҳунармандй ба ҳисоб мерафт. Ҳатто дар қадимтарин замонҳо дар Хуҷанд пиллапарварй, ҳунари бофандагй аз абрешим ниҳоят хуб тараққй карда буд.

Дар миқёси Тоҷикистони имрӯза, Хуҷанд ягона шаҳре мебошад, ки ҳанӯз дар асри 19 соҳиби роҳи оҳан туда буд ва он шаҳрро ба Аврупо ва Осиё пайваст менамуд. Дар навбати худ, роҳи оҳан имкон дод, ки анъанаи косибии аз аҷдодон мондагй дар ин шаҳри пешрафта идома ёбад ва кор- хонаҳои азими ресандагй ва бофандагй барпо карда шаванд. Дар замони шӯравй дар шаҳри Хуҷанд яке аз бузургтарин корхонаҳои бофандагии абрешимй дар худуди Иттиҳоди Шӯравй сохта шуда буд, ки ба ғайр аз пиллаҳои таҳҷой, ба ин ҷо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя — Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон низ пилла меоварданд.

Шаҳри Хуҷанд маркази маъмурии яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумхурй — Суғд аст, ки аз марказхои асосии саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар пешрафти иқгисодиёти ҷумҳурй саҳми назаррас дорад.

Комментарий

1. Камоли Хуҷандй (умер между 1391 и 1400 гг.) — таджикский поэт-лирик. Его, автора знаменитых газелей, называли «соловьём Худжанда». Родился в Худжанде, большую часть жизни прожил и умер в Тебризе (Иран). Его творчество проникнуто суфийскими идеями. В 1996г. на родине поэта был установлен памятник.

Маҳастй — выдающаяся поэтесса, музыкант и танцовщица средневековья (XII век).

Бобоҷон Гафуров (1908-1977) — Выдающийся общественно-политический деятель, крупнейший историк, автор монументальной работы «Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история». Худжандский государственный университет носит его имя.

2. Запомните распространённые выражения:

роҳи савдо торговый путь;

табдил додан чизеро ба чизе превращать что-л. во что-л.;

саҳми арзанда гузоштан вносить ценный вклад;

ба хисоб рафтан считаться;

пайваст кардан чизеро ба чизе соединять, связывать что-л. с чем-л.


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях
Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009