Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 22 > Учебник таджикского языка – Урок 22 – Упражнения 1-5

Учебник таджикского языка – Урок 22 – Упражнения 1-5

Урок 22

Упражнения 1-5

1. Переведите. Где возможно, замените причастие на личную глагольную форму.

Кори занҳо дар солҳои ҷанг вазнин буд, зеро онҳо на танҳо ба ҷои худ, инчунин ба ҷои мардони ба чанг рафтагй дар сақро кор мекарданд. Бо даромадани меҳмон нишастагиҳо аз ҷой бархостанд. Барфи нав боридагй заминро сафед кард. Китоби шумо овардагй хеле ҷолиб будааст. Ман ба шумо гапи аз Саттор шунидагиамро гуфта истодаам. Мо бояд аз қувваи корни дар худамон будагй дурусттар истифода барем. Дар канали нав канда шудагй об бисёр буд. Ниҳолҳои мо*шинондагй кайҳо сабзидаанд. Сухани аз даҳон баромадагию тири аз камон ҷастагиро баргардонидан мумкин нест. Ҳамсояҳо ин гуна гули хушнамуди аҷоибро надидагй буданд. Ҳар як каси шунидагй онро омада тамошо мекард. Авзояш ба одами тарсидагй монанд набуд. Чӯрабек имрӯз ба даре омад. вале маълум буд, ки касал шудагй аст.

2. Измените предложения так, чтобы в них было употреблено причастие прошедшего времени на -ги.

Образец: Одамоне, ки ба Душанбе рафта буданд, дар бораи сафари худ нақл карданд.

Одамони ба Душанбе рафтагй дар бораи сафари худ нақл карданд.

Мактубе, ки шумо навишта будед, мо дар ҳафтаи гузашта гирифтем. Китобе, ки муаллим нишон дода буд, ман аз магазини китобфурӯшй харидам. Шумо хаёл накунед, ки кореро, ки шумо кардаед, каси дигар карда наметавонад. Дафтархое, ки муаллим овард, инҳоянд. Коре, ки дирӯз cap карда будам, ба охир расид. Хабареро, ки ман навишта будам, дар рӯзнома чоп карданд. Суханҳое, ки шумо гуфта будед, фаромӯш намекунам. Шеъре, ки рафикамон навиштааст, ба хама маъқул шуд. Донишҷӯёне, ки дар мактаби русй нахондаанд, дар гурӯҳҳои хосаи донишкада забои меомӯзанд.

3. Переведите. Где возможно, замените причастие на личную глагольную форму.

Муаллими ба мо даре медодагй института педагогиро тамом кардааст. Бачагони дар мактаб мехондагй пагоҳй ба мактаб мераванд. Ман китоби мехондагиамро ба рафиқам нишон додам. Модари Ҳалима либоси медӯхтагиашро ба вай пӯшонд. Донишҷӯён ба имтиҳонҳои месупурдагиашонро нағз тайёрй диданд. Ту кори мекардагиатро дар вақгаш кун. Маҷлиси имрӯз мешудагй дар толори калони донишгоҳ мешавад. Супоришҳои муаллим месупуридагиро мо дар вакташ ба анҷом мерасонем. Дарси Аҳмад тайёр мекардагй зиёд вақг мегирад. Мазмуни маколаи менавиштагиамро ба рафиқонам гуфтам. Ниҳолҳои мактаббачагон мешинондагй дар рӯи ҳавлианд. Дар синфи мо ақиб мемондагиҳо нестанд. Канали кофта мешудагй аз наздикии қишлоқи мо мегузарад. Мехмонхои меомадагй кихо бошанд? Ахмад баъд аз ин воқеа наметарсидагй шуд. Одамони аз кӯча мегузаштагй бояд ба коидаҳои ҳараката роҳ риоя кунанд. Марди хушёр он аст, ки оқибати кори мекардагиашро биандешад. Субҳон пас аз муолиҷа, бе он ки ба чашм айнак гирад, китоб мехондагй шуд.

4. Измените предложения так, чтобы в них было употреблено причастие настояще-будущего времени на -гй.

Образец: Мактуберо, ки ту менавией, бо почтам ҳавоӣ фиристон. —> Мактуби менавиштагиатро

бо почтам ҳавой фиристон. / Мактуби навишта мешудагиатро бо почтам ҳавоӣ фиристон.

Супорише, ки муаллим месупорад, талабагон дар вақташ иҷро мекунанд. Ман китобҳоеро, ки мехонам, аз китобхонаи донишкада мегирам. Дарахтҳое, ки дар фасли тирамоҳ шинонда мешаванд, нағз мерӯянд. Замине, ки мо ҳоло дар он пахта мекорем, пеш дашти беоб буд. Ман мехоҳам, ки як мутахассисеро, ки хамин корҳоро медонад, ёфта фиристонанд, ки ба мо хам омӯзад. Аз он ки Мирзо писари ягонаи падар буд, усто Турсун ӯро баъди даре ҳар ҷое, ки мерафт, ҳамрох мебурд.

5. Переведите. Объясните употребление причастий настоящего определённого времени на -гй.

I. Кабӯтарҳои парида истодагиро тамошо мекунем. Холаи ҷома дӯхта истодагй аз паси айнак ба писарчааш нигарист. Ин абр абри тезгузар аст, борони борида истодагй дер давом намекунад. Хати хонда истодагиамро бародарам навиштааст. Ту нодон ҳастй, ки маънии гапхои гуфта истодагиатро худат ҳам намефаҳмй! Роҳи мо рафта истодагй рост ба маркази шаҳр мебарад.

II. Марде ба бародараш хат менавишт. Шахси дигаре омада, дар паҳлуи марди хат навишта истодагй нишаст ва ба мактуби он мард нигох мекард. Марди хат навишта истодагй дар хати худ навишт: «Дузди ба мактуби ман нигох карда истодагй намешуд, хамаи гапхоямро менавиштам». Шахси мактубро хонда истодагй гуфт:

— Эй мард, ман ба мактуби ту ҳеҷ нигох накардаам.

— Эй нодон, — гуфт нависанда, — агар нигох накарда бошӣ, аз куҷо медонй?


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях
Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009