Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 20 > Учебник таджикского языка – Урок 20 – Текст Кули Сарез Сарезское озеро

Учебник таджикского языка – Урок 20 – Текст Кули Сарез Сарезское озеро

Урок 20

Текст Кули Сарез Сарезское озеро

Дар худи маркази Помир, дар болооби дарёи шӯхи Бартанг яке аз мӯъҷизаҳои аҷоибу ҳайратовари табиат — кӯли Сарез чой гирифтааст. Мо ин кӯлро дар харитаи ҷуғрофии Тоҷикистон ба осонй меёбем. Вале дар аввали асри XX чунин нуқтаи кабудро дар харита пайдо карда намета- вонистем.
Оре, кӯли Сарез мӯъҷиза ва офаридаи асри XX аст…

Таърихи пайдоиши ин кӯл хеле аҷиб мебошад. Шаби 18-уми феврали соли 1911 дар кисми марказии Помир заминҷунбии ҳалокатовар ба амал омад. Замин ҳамагй се бор такой хӯрд, аммо қудрати он таконҳо дахдгатовар буд. Ба зилзила на танҳо хонахо, ки девору бомхояшон меафтиданд, ҳатто худи кӯҳҳои азим ҳам тоб оварда натавонистанд. Дар наздикии деҳаи Усой аз теппаи рост ба қаъри водй бо гулдурроси гӯшкаркунандае сайту хоки беҳисоб рехта, киштзор, богу рог ва тамоми деҳаро, ки панҷоҳ нафар аҳолй дошт, пахш кард. Аз аҳолии деҳ танҳо ду нафар — пирамард ва наберааш, ки ба деҳаи ҳамсоя меҳмонй рафта буданд, зинда монданд.

Ҳаҷми умумии сангу хоки ҷамъшуда қариб ба ду километри кубй баробар буд. Ҳамаи ин сангу хок пеши роҳи дарёи Мургобро шрифта, сарбанди табиии баландиаш нимкилометраро ба вуҷуд овард. Ба хотири ҳалокшудагон ин теппасангҳо Усой ном гирифт.

Аз ин хоку сайта кӯҳҳо як баландии бузурге пайдо шуд, ки дарозиаш 8 километр ва баландиаш 700-800 метр буда, пеши роҳи дарёи Мургобро банд кард. Дар натиҷа дар ин ҷо кӯле пайдо гардида, оби он торафт зиёд шудан гирифт. Дар як шабонарӯз оби кӯл 36 сантиметр баланд мешуд. Ҳамин тавр, рӯз аз рӯз об зиёдтар шуда, қишлоқи Сарезро, ки ҳамагӣ аз он ҷо 20 километр дуртар буд, зер кард. Аз аҳолии қишлоқ фақат якчанд кас аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ наҷот ёфт.

Дарёи пешбастаи Мурғоб обанбори бавуҷудомадаро оҳиста-оҳиста пур кардан гирифт. Пас аз ним сол он дехаи калони Сарезро фурӯ бурд.
Мана ҳамин тавр, дар Помири баландкӯҳ кӯли нави Сарез пайдо шуд.

Олимон муқаррар карданд, ки оби якчанд ҷӯйҳои кӯҳӣ ба кули Сарез мерезад. Оби кӯл то соли 1914 зиёд шудан гирифт, вале дар худи ҳамон сол об аз таги баландии Усой роҳ кушода, оҳиста- оҳиста роҳи худро васеъ карда, зиёдтар ҷорй шуд ва оби кӯл торафт кам шудан гирифт. Аз оби ин кӯл дарёи Бартанг ба вуҷуд омад.

Ҳоло кӯли Сарез 60 километр дарозй, кариб 2 километр бар дошта, ҷои аз хама чукури он, ки дар назди баландии Усой аст, қариб 400-500 метр мебошад. Онро аз чор тараф кӯҳҳо ихота карда, роҳи рафтанй қариб надорад. Ба он ҷо одатан бо вертолёт парвоз мекунанд.

Албатта, оби Сарез сол аз сол зиёд мешавад ва он зери назорат шрифта шудааст. Олимон каъри кӯлро мунтазам омӯхта истодаанд. Кӯҳнавардон ҳам аз тамоми ҷахон ба кӯли Сарез марок зоҳир мекунанд. Онҳо ба он мавзеъ рафтанй шаванд, ҳатман иҷозатномаи хоса мегиранд.

Комментарий
1. Запомните распространённые словосочетания:
ба вуҷуд омадан появляться
марок зоҳир кардан (ба чизе) проявлять интерес


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях

Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009