Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 18 > Учебник таджикского языка – Урок 18 – Текст Мирзо Турсунзода

Учебник таджикского языка – Урок 18 – Текст Мирзо Турсунзода

Урок 18

Текст Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода соли 1911 дар қишлоқи Каратоғи ноҳияи ҳозираи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Падараш, усто Турсун, дуредгари камбағал буд.
Маҳаллаи онҳо Чармгарон ном дошт ва хонаи усто Турсун дар ҳамин мавзеъ, дар лаби рӯд ҷой гирифта буд. Мирзо солҳои кӯдакиашро ёд карда мегӯяд: «Падарам бисёр мехост, ки ман босавод шавам». Ад ИН хотир Мирзо аз 6-солагиаш ба мактаби кӯҳна меравад ва диққати ӯро аз хурдй зебоии манзараҳои атрофи кӯҳсорон, бозиҳои ҳархелаи бачагони деҳ ба худ ҷалб мекард. Аз ойн ки Мирзо писари ягонаи падар буд, усто Турсун ӯро баъди дарс ҳар ҷое, ки мерафт, ҳамроҳ мебурд. |
Ӯ бачаи зираку хушзеҳн буда, чизи шунидаашро дар хотир нигох медошт.
Соли 1920 ба сари Мирзои хурдсол мусибати вазнине омад. Модараш аз касалии вабо вафот намуд. Падари ӯ соли 1930 аз олам гузашт.
Мирзо чанд вақг дар мактаби кӯҳна хонда, пас аз баркарор шудани Ҳукумати Шӯравӣ ба мактаби
нав дохил шуд ва бомуваффақият таҳсилашро давом дод. «Таҳсили ман дар мактаби нав дер давом накард, —мегӯяд ӯ. —Ман ва ду рафиқи шарикдарсам хондан, навиштан ва ҳисоб карданро зуд аз худ намудем. Бинобар ин дигар нишастан ҳамроҳи онҳое, ки нав ба хондани алифбо шурӯъ карда буданд, бароямон дилгиркунанда намуд. Ва мо қарор додем, ки ба Душанбе равем».
Солҳои 1926-1927 таҳсшга Мирзо Турсунзода дар интернат ва техникуми педагогии шаҳри Душанбе идома меёбад. Вай дар солхои 1927-1931 дар Дорулмуаллимини (институт муаллим- тайёркунй) шаҳри Тошканд хонда, сохиби маълумоти олй гардид. Аз ҳамон вакт ба ҷиддӣ омӯхтани эҷодиёти Айни, Лоҳутӣ, Горький, Саъдй, Ҳофиз, Навой ва дигарон оғоз намуд. Дар ҳамин давра шеърҳои аввалинашро эҷод мекунад.
Мирзо Турсунзода баъди хатми тахсил ба Душанбе омада, дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷи- кистон» аввал ходими адабй ва баъдтар котиби масъул шуда кор мекунад. Кори рӯзноманигорй ва ширкат дар маҳфили адабии назди идораи рӯзнома қобилияти эҷодии шоирро сайқал медихад. Эҷодиёти ин давраи Мирзо Турсунзода дар маҷмӯаи «Байрақи зафар» (1932) чамъ омадааст.
Мирзо Турсунзода дар вазифаҳои гуногуни давлатй ва ҷамъиятй кор карда, аз соли 1946 то охири умраш вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро адо кардааст. Ӯ ҳамчун раиси Кумитаи шӯравии якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, ҳамчун адиби намоён ва муборизи шӯълавари сулҳу амонй дар чорабиниҳои умумиҷахонй иштирок намуда, дар пойдории дӯстии байни халқҳо ва сулҳи сайёра ҳиссаи арзанда гузоштааст. Шоир дар достони «Ҷони ширин» моҳияти сафарҳояшро баён карда гуфтааст:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонй гуфтугӯ дорем мо.
Мирзо Турсунзода моҳи августа соли 1977 дар шаҳри Душанбе вафот кард. Оромгохи ӯ дар мавзеи хушманзараи Лучоб ҷойгир аст.
Мирзо Турсунзода Қаҳрамони халқи тоҷик мебошад.
Ба номи Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон кӯчаҳо, мактабҳо, донишкадаҳо ва ғайра гузошта шудаанд.
Комментарий
1. Запомните частьо встречающиеся выражения:
ба худ ҷалб кардан притягивать, привлекать к себе;
дар хотир нигох доштан (чизеро) хранить в памяти;
аз олам гузаштан умирать, скончаться;
дилгиркунанда намудан казаться нудным, надоедливым;
барқарор шудани Ҳукумати Шӯравй установление Советской власти;
хиссаи арзанда гузоштан вносить ценный вклад;
Дорулмуаллимин (Институти муаллимтайёркунй) педагогический институт; сохиби маълумоти олй шудан получать высшее образование; маҳфили адабй литературный кружок;
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Союз писателей Таджикистана;
Кумитаи шӯравии якдилии халқхои Осиё ва Африқо Советский комитет солидарности стран Азии и Африки.
2. Луҷоб — в 1981 году на месте захоронения поэта на Лучобском холме Душанбе был создан мавзолей. Композиция представляет собой символический ажурный купол восточного очертания. В центре —надгробная плита с бюстом поэта. Поверхность снаружи и внутри облицована белым резным мрамором по мотивам таджикского народного творчества.
Ба номи Мирзо Турсунзода дар Точикистон кӯчаҳо, мактабхо, донишкадахо гузошта шудаанд. В честь Турсун-заде в Таджикистане названы улицы, школы, институты.


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях

Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009