Tajik Development Gateway на русском языке > Учебник таджикского языка > Учебник таджикского языка – Урок 14 > Учебник таджикского языка – Урок 14 – Текст Душанбе – пойтахти Тоҷикистон

Учебник таджикского языка – Урок 14 – Текст Душанбе – пойтахти Тоҷикистон

Урок 14

Текст Душанбе – пойтахти Тоҷикистон

Душанбе — столица Таджикистана
Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин шахр яке аз пойтахтҳои ҷавонтарин дар ҷаҳон мебошад. То аввали асри XX дар ҷои Душанбе 3 қишлоқ воқеъ буд. Номи якеаш — Душанбе буд. Маҳз рӯзи Душанбе дар ин кишлоқ рӯзи бозор буд. [
Соли 1924 Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд ва шаҳри Душанбе пойтахти он шуд. Аз соли 1929 то соли 1961 номи шаҳри Душанбе Сталинобод буд.
Душанбе дар водии Х,исор ҷойгир шудааст. Онро аз ҳама тараф кӯххо иҳота кардаанд. Таърихнависон бори аввал дар бораи Душанбе соли 1676 маълумот додаанд. Аз қишлоқи Душанбе ба Бухоро, Самарканд, Бадахшон ва Афғонистон роҳи корвон мегузашт.
Ҳоло Душанбе маркази маъмурй, иқтисодй, фарҳангй ва илмии Тоҷикистон аст. Аҳолиаш кариб як миллион мебошад. Душанбе калонтарин шаҳри ҷумҳурй аст. Онро зебошаҳр ё Душанбешаҳр ҳам меноманд. Чорабиниҳои мухимтарину муҳимтари таърихй дар ин чо баргузор мегарданд. Маҷмааи меъморию ёдгорие, ки соли 1999 бахшида ба 1100-солагии Давлати Сомониён дар Майдони Дӯстии пойтахти Тоҷикистон бунёд гардид, яке аз комёбихои беҳтарин дар шақрсозии чаҳон ба шумор меравад. Дар хиёбони Рӯдакй биноҳои муҳими маъмурй — Қасри Президент, Қасри Маҷлиси олй, вазоратҳо ва идораҳо, силсилаи майдонҳои зебо — Дӯстй, Шаҳидон, ба номи 800-солагии Маскав, ба номи Айнй, ба номи Рӯдакй, меҳмонхонаҳо, мактабҳои олй, театрҳои беҳтарини мамлакат ҷой гирифтаанд.

Рис. 6. Мемориал Исмоила Сомони в Душанбе

Душанберо хиёбон, кӯчабоғ, гулгашт ва боғҳои зебо зинат мебахшанд. Дар маркази шаҳр сокинон ҳанӯз дар соли 1927 боғе бино намуданд, ки он яке аз ҷойҳои беҳтарини ҷумҳурӣ гардид. Имрӯз ин Боғи марказии фарҳангй яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи мардум аст. Ҳар сол Душанбешаҳр зеботар гашта, шаҳрвандонашро бо дигаргуниҳояш шод мегардонад. Ҳарсола симои шаҳр тағйир меёбад, пойтахт зеботар мегардад. Хиёбони Рӯдакй кӯчаи зеботарин ва серодамтарин ба шумор рафта, ба сифати варақаи боздиди Тоҷикистон хизмат мекунад. Дар вактхои наздиктарин маркази пойтахти Тоҷикистон симои худро тағйир медиҳад. Сохтмони Қасри миллат бо муваффақият анҷом гирифт. Дар хиёбонкӯчаи тарафи дарёи Душанбе фаввораҳо сохта мешаванд. Гулгаштҳои нави хурд дар ҳама ҷо бунёд мегарданд. Хати сайри наклиёти мусофиркашонй дарозтар гашта, мошинҳои мусофиркаш зиёд мешаванд. Пойтахти Тоҷикистон — Душанбешаҳр, ки зинати он кӯчаҳо, богҳо, гулгаштҳо, майдонҳо мебошанд, боз ҳам зеботар мегардад. Касе, ки ягон бор Душанбешаҳрро дидааст, дар ин ҷо зиндагӣ кардааст, барояш он дӯстдоштатарин ва маҳбубатарин гаштааст.
Комментарий
Запомните распространённые выражения:
Маҷмааи меъморию ёдгорй архитектурно-мемориальный комплексу ба шумор рафтан считаться;
Қасри Президент Резиденция Президентам Қасри Маҷлиси олй Дворец Парламентам Қасри миллат Дворец нацийм ба сифати… в качестве…


МОСКОВСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ
имени М.В. ЛОМОНОСОВА
ИНСТИТУТ СТРАН АЗИИ И АФРИКИ
В. Б. Иванов, Е. В. Семенова, Ҳ. О. Хушқадамова
Учебник таджикского языка
для стран СНГ
В двух частях

Часть I
Москва
ИД «Ключ-С»
2009